Notice: Object of class stdClass could not be converted to int in /var/www/anticorruptiontj/data/www/anticorruption.tj/modules/mod_gruemenu/tmpl/default.php on line 279
Гуфтаҳо :

Вохӯрии навбатии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони «Шабакаҳои барқи марказӣ»

 

Вохӯрии навбатии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони «Шабакаҳои барқи марказӣ»-и ШСХК «Барқи Тоҷик» доир гардид. Зимни баргузории чорабинӣ мақсаду мароми «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ҳамчунин таҳлили хавфҳои коррупсия, роҳ надодан ва пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, хавфҳои коррупсия ва дарки зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он ба ҳозирин фаҳмонида дода шуд.

Дар ин вохӯрӣ кормандони «Шабакаҳои барқи марказӣ» ба кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ин падидаи номатлуб, ки ҳамчун зуҳуроти хатарноки ҷаҳони муосир мебошад, таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.

Мақсади гузаронидани чунин вохӯриҳо барои пешгирӣ аз паёмадҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ, ки дар рушди кишвари соҳибистиқлоламон монеаҳоро эҷод мекунад, арзёбӣ мегардад.

 Дар охир кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас гардонданд.

 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.