Notice: Object of class stdClass could not be converted to int in /var/www/anticorruptiontj/data/www/anticorruption.tj/modules/mod_gruemenu/tmpl/default.php on line 279
Гуфтаҳо :

Вохўрии навбатии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию комуналӣ»

     Бо максади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013 № 1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва Нақшаи чорабаиниҳои Сарраёсати пешгирии коррупсия вохўрии навбатии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию комуналӣ» баргузор гардид.

   Зимни баргузории вохӯрии мазкур қайд карда шуд, ки инсоният имрӯз бо хатарҳои нави глобалӣ ба мисли терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои нав ба нав рӯбарӯ шуда истодааст. Имрӯз ба ҳамаи ин бӯҳрони шадиди молиявии ҷаҳонӣ низ зам шудааст. Дар қатори ин хатарҳо коррупсия низ мавқеи мустаҳкамеро аз худ кардааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои дар боло зикршуда камтар нест ва бо онҳо алоқамандии зич дорад. Ба андешаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем».

    Паст кардани шиддати коррупсия аз бисёр омилҳо ба мисли дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, шуурнокӣ ва фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа, сатҳи воқеъии зиндагӣ вобастагӣ дорад. Танҳо дар сурати паст шудани шиддати коррупсия дар ҷумҳурӣ болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ, иқтисодиёти миллӣ, вазъи машғул шудан ба соҳибкорӣ, дониши шаҳрвандон ва вазъи иҷтимоии онҳо рушд меёбад.
    Ҳамчунин зимни баргузории вохурӣ вобаста ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иктисодии характерии коррупсионидошта, омилҳои сар задани коррупсия, сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда ҳамчунин мақсаду мароми “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ба иштирокчиён фаҳмонида дода шуд.
    Дар охир иштирокчиён бо кормандони Агентӣ фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуда, ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.