Notice: Object of class stdClass could not be converted to int in /var/www/anticorruptiontj/data/www/anticorruption.tj/modules/mod_gruemenu/tmpl/default.php on line 279
Гуфтаҳо :

Дастаи Агентӣ ғолиби мусобиқаи варзишӣ гардид

Имрӯз дар толори варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ даври финалии мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» бахшида ба эълон гардидани соли 2018, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» байни дастаҳои калонсолони «Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барқи Тоҷик» доир гардид.
Бозии мазкур дар сатҳи баланд доир гардида, бозингарон аз ҳарду ҷониб маҳорати баланди варзиширо ба мухлисон намоиш доданд. Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи Агентӣ анҷом ёфта, дар ниммаи дуввум кормандони Агентӣ ба задани боз як голи бе ҷавоб ба дарвозаи дастаи «Барқи Тоҷик» муваффақ гардиданд. Ҳамин тариқ бозӣ ба ҳисоби 3:0 ба фоидаи дастаи Агентӣ ба анҷом расида, дастаи Агентӣ ғолиби ин озмун эълон гардид.
Ғолибони мусобиқаи зикргардида соҳиби «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» гардида, бо медалу ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида шуданд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.