Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2010, № 7, мод. 563)

(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354)

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар раванди Ташаккулёбӣ, банақшагирӣ, гузаронидани аудити дохилӣ ва таҳияи ҳисоботи аудиторӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- аудити дохилӣ - фаъолияти мустақил ва объективӣ оид ба гузаронидани санҷиш, баҳодиҳӣ ва машваратдиҳии низомҳои идоракунӣ ва дигар низомҳо, ки бо мақсади мусоидат намудан ба фаъолияти қонунӣ, самаранок ва натиҷабахши ташкилотҳои бахши давлатӣ анҷом дода мешавад;

- аудитори дохилӣ - хизматчии давлатӣ, ки аудити дохилиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад;

- супориши аудиторӣ - супориши муайян барои гузаронидани таҳқиқоти аудитӣ, ки аз амали санҷишӣ ва ё машваратӣ иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354);

- мақсади супориши аудиторӣ - таҳияи хулосаи объективӣ ва мустақил оид ба фаъолият ва натиҷаҳои идоракунии таваккал, сифати татбиқ ва самарабахшии низоми идоракунии молиявӣ ва назорат, риояи қонунгузорӣ ва иҷрои нақшаи корхона, муассиса ва ташқилотҳо (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354);

- намудҳои супориши аудиторӣ - аудити низом, аудити мувофиқат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аудити молиявӣ, аудити фаъолият ва аудити технологияи иттилоотӣ (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354);

- ташкилотҳои бахши давлатӣ - корхона, муассиса ва ташкилотҳое, ки ба моликияти давлатӣ тааллуқ дошта, аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (тақсимкунандагони асосӣ, тақсимкунандагон ва маблағгирандагони буҷетӣ (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354);

- ёрии машваратӣ - пешниҳоди тавсияҳо, хулосаҳо, изҳори ақидаҳо, омўзиш ва тавзеҳот, ки барои инкишофи ҷараёни идоракунӣ ва назорати таваккал дар ташкилотҳои бахши давлатӣ, таъин гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

Моддаи 3. Доираи амал ва мақсадҳои Қонуни мазкур

1. Қонуни мазкур амали аудити дохилиро дар ташкилотҳои бахши давлатӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

2. Мақсадҳои Қонуни мазкур инҳо мебошанд:

- муайян намудани принсипҳои аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ;

- муқаррар намудани механизми татбиқи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ.

Моддаи 4. Принсипҳо ва меъёрҳои аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ

Фаъолияти аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои байналмилалии аудити дохилӣ амалӣ карда шуда, ба принсипҳои ошкорбаёнӣ, қонуният, низомнокӣ ва нақшавӣ асос меёбад. Аудиторҳои дохилӣ фаъолияти худро тибқи талаботи Кодекси одоби касбии аудиторҳо бо риояи принсипҳои мустақилият ва беғаразӣ, салоҳият ва касбияти воқеӣ, поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ ва махфият амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

Моддаи 5. Таъиноти асосии аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ

Аудити дохилӣ ба ташкилотҳои бахши давлатӣ дар иҷрои самаранок ва натиҷабахши вазифаҳои худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои зерин мусоидат мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354):

1) Ошкор намудан ва баҳодиҳии таваккал дар ташкилотҳои бахши давлатӣ;

2) Баҳодиҳии мувофиқат ва самаранокии низоми идоракунии молия ва назорат аз нуқтаи назари:

- ҳаммонандкунӣ, баҳодиҳӣ ва идоракунии таваккал аз ҷониби роҳбарияти ташкилотҳои бахши давлатӣ;

- риоя намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои ўҳдадориҳои шартномавӣ ва ғайришартномавӣ;

- боэътимод ва ҳаматарафа будани иттилооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ;

- судмандӣ, самаранокӣ ва сарфакорӣ;

- таъмини амнияти дороиҳо ва ҳуҷҷатҳо;

- иҷрои вазифаҳо ва ноил шудан ба мақсадҳо.

3) Таҳия намудани тавсияҳо оид ба такмили фаъолияти ташкилотҳои бахши давлатӣ, инчунин анҷом додани мушоҳидаи иҷрои мувофиқи онҳо (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

БОБИ 2. АУДИТОРҲОИ ДОХИЛИИ ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 6. Талабот оид ба таъин намудани аудитори дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ

1. Ба вазифаи аудитори дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ, на камтар аз се сол аз рўи ихтисосаш собиқаи корӣ дошта, инчунин ҷавобгўи дигар талаботи тахассусии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, таъин карда мешавад.

2. Мансаби холии аудитори дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол карда мешавад.

Моддаи 7. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои аудиторҳои дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354)

1. Аудиторҳои дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ чунин ҳуқуқҳо доранд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354):

- гирифтан ва санҷидани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва иттилоот, инчунин аз шахсони мансабдори тақсимкунандагони асосӣ, тақсимкунандаҳо ва маблағгирандагони буҷетӣ талаб кардани тавзеҳоти барои гузаронидани аудити дохилӣ зарур (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354);

- гузаронидани санҷиши сохтор ва тарафҳои бо ташкилоти бахши давлатӣ алоқаҳои берунадошта, ки маблағҳои давлатиро истифода ё ихтиёрдорӣ мекунад;

- изҳори мулоҳизаи мустақил оид ба фаъолият ва самаранокии идоракунии молиявӣ ва низоми назорати дохилӣ;

- дар ҳолати пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва дигар иттилооти муҳиме, ки ба ташаккули мавқеи воқеии аудитор таъсир мерасонад, аз гузаронидани санҷиш ва ё изҳори мулоҳизаи худ дар ҳисобот худдорӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354);

- амалӣ намудани ҳуқуқҳои дигаре, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.

2. Ҳангоми гузаронидани аудит, аудиторҳои дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ ўхдадоранд аст, ки муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалии аудити дохилӣ ва талаботи Кодекси одоби касбии аудиторҳоро риоя намояд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

3. Аз ҷониби аудитори дохилӣ истифода гардидани ҳуқуқи худ бо мақсади расонидани зарар ба шахси дигар, инчунин суиистифода аз ин ҳуқуқҳо дар фаъолияти аудиторӣ манъ аст.

4. Дар амалҳои худ аудиторҳои дохилӣ ўҳдадоранд, ки мустақил, беғараз, салоҳиятнок ва поквиҷдон бошанд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

5. Аудиторҳои дохилӣ вазифадоранд аз паҳннамоии иттилооти дар раванди фаъолияти касбӣ ба онҳо дастрасшуда, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун иҷозат медиҳад, худдорӣ намоянд.

БОБИ 3. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ОИД БА АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ

(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354)

Моддаи 8. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354)

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ (минбаъд - мақоми ваколатдор) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдор инҳо дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354):

- сиёсати назорати молиявии дохилӣ ва аудити дохилиро дар ташкилотҳои бахши давлатӣ дар асоси меъёрҳои эътирофшудаи байнамилалии аудити дохилӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва татбиқ менамояд;

- барои гузаронидани аудит, мушоҳидаи идоракунии молиявӣ ва назорат фармон интишор мекунад, ки иҷрои он аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳои бахши давлатӣ, ҳатмӣ мебошад;

- ҳар сол таҳқиқоти таҳлилии фаъолияти ҳамаи воҳидҳои сохтори аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатиро анҷом медиҳад;

- ёрии машваратиро барои ҳамаи воҳидҳои сохтории аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ, вобаста ба дархосташон таъмин менамояд;

- ҳамоҳангсозии фаъолиятро оид ба омўзонидан, додани сертификат, такмили ихтисос ва бозомўзии аудиторҳои дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ анҷом медиҳад;

- тартиб ва усулҳои ташкили санҷиши тахассусӣ оид ба гирифтани сертификати "Аудитори дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ"-ро муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354);

- махзани маълумоти воҳидҳои сохтории аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ ва феҳристи аудиторонеро, ки бомуваффақият аз санҷиши тахассусии аудиторҳои дохилӣ дар бахши давлатӣ гузаштаанд, пеш мебарад;

- дар ташкилотҳои бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ надоранд, аудити дохилиро мегузаронад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354);

- ваколатҳои дигареро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, анҷом медиҳад.

2. Роҳбарони ташкилотҳои бахши давлатӣ ўҳдадоранд, ки дастрасии аудиторони дохилии мақоми ваколатдорро ба ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва иттилооте, ки барои гузаронидани аудит, мушоҳидаи идоракунии молиявӣ ва назорат заруранд, таъмин намоянд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

Моддаи 9. Гузориши таҳлилӣ оид ба аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354)

1. Ҳамаи воҳидҳои сохтории аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ ҳар сол, на дертар аз 1 апрел ба мақоми ваколатдор оид ба иҷрои нақшаи аудити соли гузашта гузориши таҳлилиро пешниҳод мекунанд, ки он бояд иттилооти зеринро дар бар гирад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354):

- супориши аудитории иҷрошуда, ҳолатҳое, ки дар онҳо маҳдудкунии доираи супориши аудиторӣ ҷой доштанд ва сабабҳои эҳтимолии иҷро нашудани нақша (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354);

- хулосаҳои асосӣ нисбат ба амали низоми идоракунии молиявӣ ва назорати бахши давлатӣ ва тавсияҳо оид ба такмил додани фаъолияти он;

- ҳолатҳои ошкоршудаи вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354);

- пешниҳодҳо оид ба рушди аудити дохилӣ.

2. Гузориши таҳлилии солона бояд аз ҷониби роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ тасдиқ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

3. Мақомоти ваколатдор ҳар сол, на дертар аз 1 май фаъолияти ҳамаи воҳидҳои сохтории аудити дохилиро барои соли гузашта ҷамъбаст намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши таҳлилӣ пешниҳод мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

БОБИ 4. ВАЗИФАҲОИ РОҲБАРИ АВВАЛИ ТАШКИЛОТИ БАХШИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ АУДИТИ ДОХИЛӢ

(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354)

Моддаи 10. Вазифаҳои роҳбари ташкилотҳои бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ дорад

(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354)

1. Роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ дорад, барои таъмини фаъолияти он тибқи меъёрҳои дар Қонуни мазкур муқарраргардида ва ба таври дахлдор иҷро намудани вазифаҳои худ нисбат ба аудити дохилӣ масъул мебошад.

2. Ба вазифаҳои роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ дорад, инҳо дохил мешаванд:

- тасдиқи нақшаи солона ва дарозмуддати санҷиш, инчунин нақшаи такмили ихтисоси кормандони воҳиди сохтории аудити дохилӣ;

- тасдиқи нақшаи амалиёти ҷорӣ оид ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии тавсияҳои дар ҳисоботи аудит пешниҳодгардида;

- қабули қарор оид ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии тавсияҳои пешниҳоднамудаи аудиторҳо;

- баррасии ҳисоботи таҳлилии солона оид ба гузаронидани аудити дохилӣ;

- пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоти дахлдор оид ба қонунвайронкуниҳои ошкоршуда;

- таъмин намудани захираҳои дахлдори моддию техникӣ ва молиявӣ барои татбиқи нақшаи солона ва дарозмуддати аудит (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

Моддаи 11. Вазифаҳои роҳбари ташкилоти бахши давлатие, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ надорад

(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354)

1. Роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ надорад, барои андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба гузаронидани аудит аз тарафи мақоми ваколатдор масъул мебошад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

2. Корманди ваколатдори мақоми ваколатдор ҳангоми гузаронидани аудит амалҳои худро бо роҳбари ин ташкилот мувофиқа мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

3. Ба вазифаҳои роҳбари ташкилоти бахши давлатие, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ надоранд, дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354):

- мусоидат намудан дар фароҳам овардани шароити зарурӣ барои гузаронидани аудити дохилӣ;

- ба кормандони ваколатдори мақоми ваколатдор пешниҳод намудани иттилооти дархостшудае, ки барои гузаронидани аудит зарур аст (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354);

- иштирок намудан дар арзёбии таваккалҳо;

- тасдиқ намудани нақшаҳои амалиётӣ ва қабул намудани қарорҳои дахлдор оид ба иҷрои зарурӣ ва саривақтии тавсияҳое, ки дар ҳисоботи аудиторӣ пешниҳод шудаанд.

БОБИ 5. ТАЪСИС ВА ФАЪОЛИЯТИ АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 12. Таъсиси воҳиди сохтории аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354)

1. Ташкилотҳои бахши давлатие, ки бояд воҳиди сохтории аудити дохилӣ дошта бошанд, мувофиқи меъёрҳои зерин муайян карда мешаванд:

- ҳаҷми маблағгузорӣ аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуним миллион нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад;

- шумораи миёнаи кормандонашон дар соли тақвимӣ зиёда аз 800 (ҳаштсад) нафар бошад.

2. Дар ташкилотҳои бахши давлатие, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ надоранд, аудити дохилӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдор гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

3. Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

Моддаи 13. Доираи амали аудити дохилӣ

1. Доираи амали аудити дохилӣ барои ҳар як ташкилоти бахши давлатӣ нисбати дигар ташкилот ва сохторҳое (барномаҳо ва лоиҳаҳое) маҳдуд карда мешавад, ки захираҳои онҳо аз ҷониби ташкилотҳои дахлдори бахши давлатӣ ё ташкилотҳои дигар назорат карда мешавад ва худашон дорои воҳиди сохтории аудити дохилӣ буда, аз Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд.

2. Дар ташкилотҳои бахши давлатие, ки дар тобеияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд ва пурра аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, аудити дохилӣ аз ҷониби аудиторҳои дохилии мақомоти маҳаллии молия мувофиқи дастурҳои методии мақоми ваколатдор амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

3. Ба тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ зарур аст, ки ҳангоми банақшагирии фаъолияти воҳидҳои сохтории аудити дохилӣ риояи тобеияти байни ташкилотҳои гуногуни бахши давлатиро ба инобат гиранд ва ба такроршавии функсияҳои назоратии онҳо бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ роҳ надиҳанд.

4. Санҷишҳои сохтор ва тарафҳои беруна нисбат ба ташкилоти бахши давлатӣ, ки маблағҳои буҷетиро мегирад, ё ихтиёрдорӣ мекунад, аз рўи зарурат, баъди тасдиқи сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ ва роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, инчунин дар асоси мувофиқа бо роҳбарияти ин сохтор ва тарафҳо, гузаронида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

5. Сохтор ва тарафҳое, ки дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, бояд ба фаъолияти ташкилоти бахши давлатӣ алоқаманд бошанд ё ба сифати тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетӣ баромад намоянд ё тақсимкунандаи маблағҳои барномаҳои байналмилалӣ ва фондҳое бошанд, ки дар доираи кўмаки расмӣ расонида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

Моддаи 14. Воҳиди сохтории аудити дохилӣ

1. Воҳиди сохтории аудити дохилӣ ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ ҳисоботдиҳанда ва нисбат ба дигар сохторҳои тобеи тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетӣ дар банақшагирии кори худ, иҷрои аудити дохилӣ ва таҳияи ҳисоботҳои аудиторӣ мустақил мебошад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

2. Воҳиди сохтории аудити дохилӣ оид ба ташкил ва дастгирии низоми назорати дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ ёрии машваратӣ расонида, нақшаҳои солона ва дарозмуддати фаъолияти худро бо назардошти нақшаи таълими касбии аудиторҳои дохилӣ таҳия менамояд.

Моддаи 15. Ўҳдадориҳои асосии воҳиди сохтории аудити дохилӣ

Воҳиди сохтории аудити дохилӣ чунин ўҳдадориҳо дорад:

- дар асоси баҳодиҳии таваккал нақшаҳои солона ва дарозмуддати гузаронидани аудити дохилиро омода мекунад;

- оид ба мушоҳидаи иҷрои нақшаи солона ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ ҳар семоҳа ҳисобот пешниҳод мекунад;

- оид ба кори иҷрогардида ҳар сол ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ ҳисобот пешниҳод менамояд;

- баҳодиҳии самаранокии низоми назорати дохилӣ ва мувофиқати онро бо мақсадҳои ташкилоти бахши давлатӣ анҷом медиҳад;

- баҳодиҳии воқеият ва дурустии иттилооти муҳими иҷтимоиро анҷом медиҳад;

- ба мувофиқати фаъолияти сохторҳои таркибии ташкилоти бахши давлатӣ бо муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳо медиҳад;

- самаранокии фаъолияти ташкилоти бахши давлатиро оид ба истифодаи маблағҳо, басандагии назорати истифодабарии онҳо ва роҳ надодан ба талафот баҳо медиҳад;

- пешниҳоди гузоришро оид ба натиҷаҳои аудит таъмин менамояд;

- тавсияҳои заруриро барои беҳтар намудани фаъолияти ташкилоти бахши давлатӣ ва сохторҳои дохилихоҷагии он пешниҳод менамояд;

- кори аудиторҳои дохилии ташкилотҳои тобеъро ҳамоҳанг месозад ва ба онҳо ёрии методӣ ва машваратӣ мерасонад;

- паҳн накардани иттилоотеро, ки ба сирри давлатӣ ё ба дигар сирри бо Қонун ҳифзшаванда тааллуқ дорад, таъмин менамояд;

- дигар ўҳдадориҳоеро, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, иҷро менамояд.

Моддаи 16. Ўҳдадориҳои вазифавии сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ

(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354)

Сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ чунин ўҳдадориҳои вазифавӣ дорад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354):

- нақшаи солона ва дарозмуддати аудитро омода менамояд;

- кори воҳиди сохтории аудити дохилиро барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи он гузошташуда ташкил менамояд;

- мувофиқи меъёрҳо ва методологияи аудити дохилӣ расмиёти аудити дохилиро муайян мекунад;

- мушоҳидаи сифати аудити дохилиро таъмин менамояд;

- ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ оид ба фаъолияти яксола, аз ҷумла баҳодиҳӣ ба низоми назорати дохилӣ ҳисобот пешниҳод мекунад;

- оид ба ҳама гуна омилҳои ошкоршудаи фаъолияти ғайриқонунӣ ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ иттилоот пешниҳод мекунад;

- барои иҷрои ҳар як супориши аудиторӣ мақсад, доира, давомнокӣ, техника ва захираҳои аудитиро муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354);

- ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ барои таъин намудани коршиноси таҳсилот ва малакаи махсус доштаро барои гузаронидани аудити дохилӣ пешниҳод менамояд;

- оид ба ҳамаи масъалаҳои аудит ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ гузориш пешниҳод менамояд;

- ваколатҳои дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо иҷро менамояд.

Моддаи 17. Методологияи аудити дохилӣ

Ҳангоми гузаронидани санҷиши аудитӣ кормандони воҳиди сохтории аудити дохилӣ шахси масъулеро, ки фаъолияти онро мавриди санҷиш қарор додаанд, хабардор менамоянд ва ба ў имконияти муҳокимаи якҷояро дар вақти зерин муҳайё менамоянд:

- то оғози фаъолияти аудитории дахлдор - дар бораи мақсад ва доираи супориши банақшагирифтаи аудиторӣ (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354);

- баъди анҷоми аудит - хулоса ва тавсияҳои пешниҳодшуда ва дар мавриди муносиб додани шарҳу эзоҳ.

Моддаи 18. Бархўрди манфиатҳо

1. Аудитори дохилӣ набояд ба бархўрди манфиатҳо роҳ диҳад. Ба корманди воҳиди сохтории аудити дохилӣ гузаронидани аудит дар ҳолатҳои зерин манъ аст:

- агар дар он қисми объекте, ки аудит гузаронида мешавад, манфиатҳои шахсӣ ва ё амволии ў ҷой дошта бошанд;

- дар давраи гузаронидан ё дувоздаҳ моҳи охир дар қисми объекте, ки аудити дохилӣ гузаронида мешавад, ба сифати корманд ё корфармо фаъолият карда бошад;

- дар ҳолати мавҷудияти дигар ҳолатҳое, ки ба воқеӣ ва холис будани аудиторҳои дохилӣ, ки аз меъёрҳои эътирофнамудаи аудити дохилӣ бармеоянд, таъсир расонад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

2. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани бархўрди манфиатҳо корманди воҳиди сохтории аудити дохилӣ бояд роҳбари ташкилоти бахши давлатиро огоҳ намояд ё дар ҳолати ба бархўрди манфиатҳо ҳамроҳ будани роҳбари ин ташкилот аз ин хусус роҳбари тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетиро хабардор намояд.

Моддаи 19. Махфияти фаъолияти аудиторҳои дохилӣ

(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354)

1. Аудиторҳои дохилӣ бояд талаботи паҳн накардани иттилоотеро, ки ба онҳо ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳо дастрас шудааст, ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, риоя намоянд.

2. Тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи санҷиши хазинадорӣ махфӣ мебошад. Ба дигар шахс додани ҳуҷҷатҳои дахлдор танҳо бо иҷозати хаттии роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, гирифтани он бошад, тибқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 20. Мустақилияти аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354)

Сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ ва ҳамаи аудиторон ба истиснои воҳиди сохтории аудити дохилии мақоми ваколатдор набояд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354):

- дорои ваколатҳои иҷроия ё идоракунӣ, вазифаҳо ё ўҳдадориҳо бошанд ба ғайр аз онҳое, ки ба идоракунии вазифаҳои аудити дохилӣ марбутанд;

- набояд дар фаъолияти ҳаррўзаи ташкилоти бахши давлатӣ иштирок намоянд.

Моддаи 21. Гузориши аудитӣ

1. Гузориши аудитӣ - ҳуҷҷати расмии аудити дохилӣ мебошад, ки аз иттилоот оид ба доираи фарогирӣ ва мақсадҳои супориши аудиторӣ иборат буда, аз ҷумла хулосаҳои воқеӣ ва пешниҳодҳои аудиторро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

2. Баъди анҷом додани санҷиш аудиторҳои дохилӣ ё роҳбари гурўҳи аудиторони дохилӣ ўҳдадоранд дар давоми даҳ рўз ду нусхаи ҳисобот хаттиро тайёр намоянд, ки як нусхаи он ба роҳбари ташкилоти бахши давлатии санҷидашуда супорида мешавад ва нусхаи дигараш, дар воҳиди сохтории аудити дохилӣ нигоҳ дошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

3. Шакл, мазмун ва тартиби пешниҳод намудани ҳисоботи аудитӣ дар дастурҳои методии мақоми ваколатдор муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354).

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

 21 июли соли 2010 № 631

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе,

16 июни соли 2010, № 122

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе,

8 июли соли 2010 № 61

 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.