Notice: Object of class stdClass could not be converted to int in /var/www/anticorruptiontj/data/www/anticorruption.tj/modules/mod_gruemenu/tmpl/default.php on line 279
Гуфтаҳо :

Муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

 

00004

 

НУРЗОДА ТОҲИР СИРОҶИДДИН

26 феврали соли 1981 дар шаҳри Душанбе, таваллуд шудааст.
Миллат – тоҷик
Соли 2002 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Аз августи соли 1998 - курсанти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз августи соли 2002 - ваколатдори оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноии Шуъбаи корҳои дохилии Ҳукумати ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе;
Аз майи соли 2005 - ваколатдори оперативӣ оид ба кофтукови шуъбачаи кофтукови ҷиноии Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;
Аз ноябри соли 2005 - ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбачаи ташкилию гумошташавии Шуъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе;
Аз июли соли 2007 - ваколатдори калони оперативии шуъбачаи ташкили ҳамкории оперативӣ бо муассисаҳои корҳои ислоҳотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе;
Аз ноябри соли 2007 - сардори шуъбачаи оиди кушодани ҷиноятҳо алоқаманд бо ҷавонон ва ноболиғони Шуъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе;
Аз декабри соли 2008 - сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкуни байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе;
Аз июли соли 2009 - сардори шуъбаи муайянкунии Раёсати оперативии махсуси Агентии назортаи давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз декабри соли 2009 - муовини сардори Раёсати оперативии махсуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз марти соли 2011 - муовини сардори Раёсат - сардори шуъбаи ҷобаҷогузории кадрҳои Раёсати кадрҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз марти соли 2013 - сардори Раёсати ташкилию нозиротии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз декабри соли 2013 - сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон;
Аз апрели соли 2014 - муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз апрели соли 2015 - сардори Сарраёсати мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии характери коррупсионидоштаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз 23 январи соли 2017 - Муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Генерал - майори адлия.
Донандаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд
 

Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.