Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Мақомоти маҳалии Агентӣ

 

Мақомоти маҳалии Агентӣ

 

     Мақомоти маҳаллии Агентӣ дар ҳудуди маъмурии вобасташуда вазифаҳои Агентиро дар доираи ваколатҳои худ иҷро менамоянд. Ба мақомоти маҳаллии Агентӣ сардорони дахлдор роҳбарӣ мекунанд. Дар мақомоти маҳаллии Агентӣ шўъбаҳо ва ё бахшҳо ташкил карда мешаванд. Дар сохторҳои мақомоти маҳаллии Агентӣ ваколатдорони калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳим, ваколатдорони калони оперативӣ, ваколатдорони оперативӣ, муфаттишони калон оид ба корҳои махсусан муҳим, муфаттишони калон, муфаттишон, сарнозирон, нозирони калон, нозирон, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисон мавҷуданд.

Сардорони мақомоти маҳаллии Агентӣ бо тартиби муқарраргардида оид ба тағйир додани шумораи ҳайати шахсии кормандони воҳидҳои тобеи худ ба Директори Агентӣ таклифҳо пешниҳод менамоянд. Сардорони мақомоти маҳаллии Агентӣ дар доираи ваколати худ кормандони ҳайати хизматрасонро ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд. Сардорони мақомоти маҳаллии Агентӣ дар доираи ваколати худ фармонҳо ва фармоишҳо қабул менамоянд, ки иҷрои онҳо барои кормандони тобеъ ҳатмӣ мебошад.

 

Мақомоти маҳалии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон

     Суроға: шаҳри Хоруғ, кучаи Ленин 304 Тел: (835-22) 2-00-50

 

2. Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Суроға: шаҳри Бохтар кучаи Советӣ 2

Тел:   (+992 32-22) 2-26-17

Факс: (+992 32-22) 2-25-33

 

- Шуъбаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон

Суроға: шаҳри Кӯлоб кучаи Н.Ҳувайдуллоев

Тел:   (833-22) 2-26-87

Факс: (833-22) 2-26-88

           (833-22) 2-67-67

 

3. Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Суроға: шаҳри Хуҷанд маҳаллаи 20

Тел: (+992 34-22) 2-28-90

         (+992 34-22) 2-15-41

Email: anticorrupsia-s@mail.ru

 

- Шуъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшони вилояти Суғд

Суроға: шаҳри Панҷакент, кучаи Лоиқ Шералї-24

Тел:   (8-34-75) 5-55-83

Факс: (8-34-75) 5-55-09

           (8-34-75) 5-55-10

 

4. Раёсати Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

Суроға: ш.Душанбе н.И. Сомонӣ кӯчаи М.Турсунзода 23.
         Телефони боварӣ: (+992 37) 221-28-03, (+992 37) 221-28-04

 

5. Шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуруҳи ноҳияҳои водии Ҳисор.

Суроға: шаҳри Турсунзода кучаи М.Турсунзода 136

Тел: (831-30) 2-90-27

         (831-30) 2-24-13

 

6. Шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт.

Суроға: шаҳри Роғун кучаи Ҷавонон 17/1

Тел: (831-34) 2-24-11

         (834-22) 2-24-13

Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.