Хабарҳо

Image
Image
Image
Image

Дастовардҳо

Мавқеи ҷойгиршавии дастгоҳи марказӣ ва раёсату шуъбаҳои минтақавии Агентӣ

Баннерҳои таблиғотӣ

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар соли 2017 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амнияти иқтисодии давлат корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

Дар ин давра самти назорати давлатии молиявӣ дар вазорату идораҳо, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз тарафи ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ маблағгузоришаванда, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 954 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 548,1 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намудааст.

Дар доираи тафтишу санҷишҳои молиявӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 702 маводи тафтишӣ бо маблағи умумии зарари молиявӣ 366,4млн. сомонӣ баҳри андешидани чораҳои қонунӣ фиристода шудаанд.

Дар рафти тафтишу санҷишҳои молиявӣ 282,5 млн. сомонӣ ба давлат барқарор карда шуд, ки 51,5 фоизи зарари ошкоркардашударо ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии барқароршуда ба буҷет 139,7 млн. сомонӣ ва 142.8 млн. сомонӣ ба корхонаҳо ва муассисаҳо барқарор карда шудааст.

Аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дар давраи сипаришуда 1980 ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор карда шудааст, ки 650 адади он ба гурўҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд.

Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоркардашуда 442 адади он ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва исрофкорӣ ба ҳисоб рафта, 112 адади онро бошад, ҷиноятҳои марбут ба тасарруфи маблағҳои калон ташкил медиҳанд.    

Инчунин, 636 адад ҷиноятҳои қаллобӣ, 22 адад ҷиноятҳои саркашӣ аз супоридану пардохти андозҳо, 104 адад ҷиноятҳо вобаста ба гирифтан ва додани пора, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ муайян ва ошкор гардиданд.

Маблағи умумии зарар бо ҷиноятҳои ошкоргардида 208,8 млн. сомониро ташкил дода, аз он 58,9 млн. сомонӣ барқарор карда шуда, баҳри рўёнидани маблағи зарари боқимонда чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Содиршавии ҷиноятҳои ошкоргардида ба ВМКБ – 177 адад, вилоятҳои Хатлон – 571 адад, Суғд – 485 адад, шаҳри Душанбе – 407 адад ва ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад 340 адад рост меояд.

Қобил ба зикр аст, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Вазорат ва сохторҳои зертобеи маориф ва илм 70 ҷиноят, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 60 ҷиноят, нақлиёт 13 ҷиноят, кишоварзӣ 7 ҷиноят, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 16 ҷиноят, молия 1 ҷиноят, инчунин дар Кумитаҳои давлатии заминсозӣ ва геодезӣ 42 ҷиноят, ҳифзи муҳити зист 5 ҷиноят, телевизион ва радио 2 ҷиноят, меъморӣ ва сохтмон 6 ҷиноят, Агентии стандартизатсия, сертификатсия, метрология ва нозироти савдо 7 ҷиноят, ҷамъиятҳои саҳомӣ 320 ҷиноят, соҳибкорони инфиродӣ 269 ҷиноят, соҳаи бонкӣ 408 ҷиноят ва дар дигар идораву корхонаҳо 356 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамзамон, аз ҳисоби умумии ҷиноятҳои ошкоргардида 224 адади онро кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ содир намудаанд.

Дар давраи сипаригардида бо гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ 16 ҳолати иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои мусаллаҳонаи ҳудуди дигар кишварҳо ошкор карда шуда, нисбати онҳо бо моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ҳамзамон, дар ин самт дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз ҷониби кормандони оперативии Агентӣ 12 ҷиноят аз ҷумла, 3 ҷиноят бо моддаи 187 қисми 2 «Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ», 1 ҷиноят бо моддаи 189 қисми 3 банди “а” «Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ» 8 ҷиноят бо моддаҳои 3071,2,3 «Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ, сафедкунии оммавии экстремизм», «Ташкили иттиҳоди экстремистӣ» ва «Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ» ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.

Дар соли 2017 аз ҷониби муфаттишон 721 парвандаҳои ҷиноятӣ бо дарназардошти бақия ба пешбурд қабул гардида, тафтиши пешакии 562 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 737 нафар ба анҷом расонида шудааст.

Аз шумораи умумии парвандаҳои ҷиноятии ба анҷом расонидашуда 453 парванда нисбати 587 нафар айбдоршавандагон бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Аз ҷониби муфаттишони Агентӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ ва маводҳои бо асосҳои ғайрисафедкунанда радкардашуда ба маблағи умумии 135,0 млн. сомонӣ зарари моддӣ ошкор карда шуда, дар рафти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ ва санҷиши маводҳо маблағи 87,3 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст, ки 64,7 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ 1162 ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта ошкор карда шуда, нисбати шахсоне, ки талаботи қонунро вайрон намудаанд, ба маблағи 1,1 млн сомонӣ ҷарима татбиқ гардида, дар ин муддат 1,1 млн сомонии он ба буҷаи давлат барқарор карда шудааст.

Дар ин давра ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхона ва муассисаҳои дахлдор 3408 дастури хаттӣ ва 1066 пешниҳодҳо оиди бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ирсол карда шудааст.

Аз шумораи умумии дастуру пешниҳодҳои ирсолгардида 2749 дастури хаттӣ ва 838 пешниҳод баррасӣ гардида, сабабу омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда бартараф карда шуда, ба Агентӣ ҷавобҳо ворид гардидааст.

Дар натиҷаи баррасии дастуру пешниҳодҳои мазкур нисбати 410 нафар огоҳӣ, 458 нафар сарзаниш, 609 нафар танбеҳ татбиқ гардида, 191 нафар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шудаанд.

Кормандони Агентӣ дар ин муддат 689 маротиба дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо вохўриҳо гузаронида, дар ин раванд тавассути воситаҳои ахбори омма беш аз 596 маротиба баромад карда, 36 мизҳои мудаввар ва 13 нишастҳои матбуотӣ доир намудаанд.

Ҷиҳати иҷрои талаботи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ки хизмати якҷоя ва таъини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба мансабҳои ба онҳо баробаркардашударо манъ намудааст, санҷишҳо гузаронида шуда, 35 (18) ҳолати вайрон намудани талаботи Қонуни мазкур ошкор карда шудааст.

Кормандони Агентӣ дар якҷоягӣ бо масъулини комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» як қатор корҳоро ба анҷом расонидаанд. Аз ҷумла, дар давраи сипаришуда дар ин самт 284 ҳолати қонуншиканиро ошкор намуда, нисбати қонунвайронкунандагон чораандешӣ намудаанд.

Ба Агентӣ дар ин давра 1319 лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид гардидааст, ки аз ин миқдор 1294 адади он мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба 284 адад ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта эроду пешниҳодҳои дахлдор дода шуда, дар 253 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда шудааст.  

Аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ 780 нафар шаҳрвандон қабул карда шуда, арзу шикоятҳои онҳо шунида, оиди муроҷиатҳои онҳо чораҳои қонунӣ андешида шудааст.

 

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ

ва мубориза бо коррупсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Чоп намудан E-mail

Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.

Ҷустуҷӯ