Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз

 

Санаи 21 марти соли 2019 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлилӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона баргузор карда шуд.

         Нахуст дар чорабинӣ Директори Агентӣ, генерал-майори адлия, муҳтарам Султонзода Сулаймон Саид баромад намуда, ҷаҳонишавии ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯзро аз шарофати соҳибистиқлилоии Тоҷикистони азиз ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арзёбӣ намуданд.

         Таъкид гардид, ки 18 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расида, ҳар сол 21 март дар саросари ҷаҳон ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» ҷашн гирифта мешавад. Соли 2016 бошад, бо қарори ЮНЕСКО ҷашни Наврӯз ба Феҳристи осори фарҳангии умумиҷаҳонӣ ворид карда шуд.

         Дар охири суханронӣ Директори Агентӣ ҳамаи иштирокчиёни чсорабиниро ба ифтихори Рӯзи Нарӯзи байналмилалӣ табрик намуда, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, хонаи обод, файзу баракати Наврӯзӣ ва барори корро таманно намуданд.

         Минбаъд дар чорабинии мазкур бо иштироки сарояндагон барномаи консертии идона бо иҷрои сурудҳои милӣ, рақсу бозӣ, намоиши эҳёи ҳунарҳои миллӣ, омода кардани дастархони Наврӯзӣ, таъомҳои миллӣ, баргузор гардид.  


Официальный сайт
Президента Республики Таджикистан

Официальный сайт Генеральной
прокуратуры Республики Таджикистан

Министерство внутренних дел
Республики Таджикистан

Агентство по контролю за наркотиками при
Президенте Республики Таджикистан

Налоговый комитет при Правительстве
Республики Таджикистан

 

Таможенная служба при Правительстве
Республики Таджикистан

 

Национальное информационное
агентство Таджикистана «Ховар»

 

Палата торговли и промышленности
Республики Таджикистан

 

© АГЕНТСТВО ПО ГОСУДАРСТВЕННОМУ ФИНАНСОВОМУ НАДЗОРУ И БОРЬБЕ С КОРРУПЦИЕЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН , 2013-2019.