Додани пора ба корманди Агентӣ

15 june 2017
Додани пора ба корманди Агентӣ

    Насриддинзода Маъруфхуҷа Суҳбат аз 14 феврали соли 2014 дар вазифаи Мудири филиали №15 БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода кор карда, ҷинояти шахсан додани пораро ба шахси мансабдор содир намуд.

    Чунончӣ, дар асоси фармоиши Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти Филиали №15 БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода санҷиши молиявӣ-хоҷагидорӣ таъин карда шуда, дар рафти санҷиши зикршуда дар фаъолияти филиали мазкур аз ҷониби кормандони Агентӣ ҳолатҳои ғайриқонунӣ ба шаҳрвандон додани кредит ба маблағи зиёда аз 147.000 сомонӣ ошкор карда шуд.

    Санаи 25 майи соли 2017 мудири Филиали БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода Насриддинзода М.С. дидаю дониста, барои ғайриқонунӣ руйпуш намудани камбудиҳои ошкоршуда ва ба тариқи мусбӣ ҷамъбаст намудани натиҷаи санҷиши молиявӣ ба корманди Агентӣ шахсан ба сифати пора маблағи 120 000 сомонӣ пешниҳод намуд. Гарчанде, ки корманди Агентӣ якчанд маротиба қабули пораи пешниҳоднамудаи Насриддинзода М.С.-ро рад намуда бошад ҳам, вале номбурда мунтазам маблағи мазкурро ба ӯ ба сифати пора пешниҳод намудааст.

   Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ 30 майи соли 2017 тақрибан соати 17:40 Насриддинзода М.С. дар шаҳри Турсунзода, Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, деҳаи Батош бевосита баъди шахсан ба корманди Агентӣ ба сифати пора додани маблағи 120.000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи зикршуда ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

    Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Насриддинзода Маъруфхуҷа Суҳбат бо аломатҳои моддаи 320 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Scientific publications

(
)