Ҳамкории байналмилалии Агентӣ

14 june 2017
Ҳамкории байналмилалии Агентӣ

   Рўзҳои 6-7 июни соли 2017 Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Султонзода Сулаймон Саид дар Ҷаласаи сеюми роҳбарони хадамоти мубориза бар зидди коррупсия ва омбудсменҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид иштирок намуд.

  Дар чорабиниии мазкур дар баробари дигар намояндагони давлатҳои аъзои созмон Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид баромади расмӣ анҷом дода, зимни баромади худ қайд намуданд, ки  пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

  Мавзӯи асосии ҷаласаи мазкур ҳамкориҳои минтақавии мақомоти зиддикоррупсионӣ ва омбудсменҳои давлатҳои аъзои созмон ба шумор рафта, дар он табдили таҷрибаи пешқадаме, ки мақомоти муборизабарандаи давлатҳои аъзо  оид ба муқовимат алайҳи  коррупсия андухтаанд, мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.

    Ҳадаф аз баргузории ин ҷаласа тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои хадамотҳои мубориза бо коррупсия ва омбудсменҳои давалатҳои аъзои созмон буда, дар як вақт омўзишу таҷриба ва дастовардҳои судманди мутақобилае, ки дар самти мубориза бо коррупсия ба даст оварда шудааст, арзёбӣ гардид. Дар ҷараёни ҷаласа дастовардҳои давлати мизбон Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия муарифӣ карда шуд.

    Дар фарҷоми ҷаласа Декларатсияи Бокугии ҳамкориҳо ва Нақшаи амалҳо дар самти мубориза бо коррупсия аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмон ҷонибдорӣ ва қабул карда шуданд.

Scientific publications

(
)