Азонихудкунии маблағҳо ба миқдори махсусан калон

14 june 2017
Азонихудкунии маблағҳо ба миқдори махсусан калон

    Мазабшоев  Эраҷ  Маъруфшоевич дар  мансаби сармутахассиси  бахши ташкилӣ-андозбандии  шахсони  воқеии  нозироти  андози  шаҳри  Хоруғ  фаъолият дошта, соли 2013 ба номи модараш Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди (ҶДММ) “Ариана-5”-ро таъсис дода, фаъолияти онро ба роҳ мондааст.  

    Дар давраи солҳои 2015-2016 бо дархостҳои Мактаби Президентӣ барои хонандагони  болаёқат дар шаҳри Хоруғ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев ва Шуъбаи маорифи ноҳияи Шуғнон ба суратҳисоби ҶДММ “Ариана-5” ҳамчун ғолиби тендер барои дастрас намудани таҷҳизотҳои техникӣ тибқи супоришномаҳои пулӣ дар маҷмуъ 508.082 сомонӣ гузаронида шудааст. Мазабшоев Эраҷ Маъруфшоевич аз маблағҳои ба суратҳисоби ҶДММ “Ариана-5” гузаронидашуда танҳо ба маблағи умумии 21.950 сомонӣ таҷҳизоти техникӣ харидорӣ намуда, боқимонда маблағи 486132 сомониро азонихуд намудааст.

    Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Мазабшоев Эраҷ Маъруфшоевич бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 340 қисми 2 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Scientific publications

(
)