Қаллобии раиси хоҷагии ниҳолпарварӣ

09 june 2017
Қаллобии раиси хоҷагии ниҳолпарварӣ

   Шаҳрванд «С» ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муроҷиат намуда, изҳор кард, ки Раиси хоҷагии ниҳолпарварии Бустонқалъаи ҷамоати шаҳраки Бустонқаълаи ноҳияи Бохтар, Очилдиев Фахриддин барои ба номи модари ӯ ҳуҷҷатгузорӣ намудани чойхонаи ҳамин хоҷагӣ бо роҳи фиреб маблағи 16.000 сомонӣ талаб карда гирифта, боз овардани маблағи 2300 сомонии дигарро талаб кардааст.

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабинии фаврӣ-тафтишотӣ Очилдиев Фахриддин Ғиёсович дар утоқи кориаш баъди аз шаҳрванд «С» гирифтани 2300 сомонӣ дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ аз охирон дарёфт ва мусодира карда шуданд.

    Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Очилдиев Фахриддин Ғиёсович бо аломатҳои моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Scientific publications

(
)