Азонихудкунии маблағҳо дар ноҳияи Балҷувон

05 june 2017
Азонихудкунии маблағҳо дар ноҳияи Балҷувон

  Муродалиева Хосият Аҳмадовна аз моҳи майи соли 2013 дар вазифаи нозир хазинадор оид ба мубодилаи асъори филиали №75 БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳияи Балҷувон кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш ба номи нафақахурон дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон расидҳои қалбакӣ тайёр намудааст. Аз ҷумла дар моҳи август дар ду ҳолат маблағи 1454.00 сомонӣ, моҳи сентябр 1221,20 сомонӣ, моҳи октябр маблағи 5263,8 сомонӣ моҳи ноябри соли 2016 ба маблағи 9881,94 сомонӣ ва дар якчанд ҳолати дигар дар маҷмуъ 71862,15 сомониро бо тартиб додани расидҳои қалбакӣ аз филиали бонки мазкур гирифта, тасарруф карда, азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

   Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Муродалиева Хосият Аҳмадовна бо аломатҳои моддаи 245 қисми 3 банди «а» ва 323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. 

Scientific publications

(
)