Баргузории чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ

01 june 2017
Баргузории чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ

 Бо максади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013 № 1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва Нақшаи чорабаиниҳои Сарраёсати пешгирии коррупсия вохўрии навбатии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Муассисаи давлатии “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

    Зимни баргузории вохурӣ вобаста ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иктисодии характерии коррупсионидошта, омилҳои сар задани коррупсия, сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда ҳамчунин мақсаду мароми “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” суҳбату вохўриҳо доир гардид.

    Қайд карда шуд, ки муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва татбиқи он аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад. Самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 декабри соли 2016 ироа гардид, қайд намуданд, ки “Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад”.

    Дар ҳақиқат муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварда, болоравии сатҳи коррупсияро коҳиш диҳад. Зеро паст кардани сатҳи коррупсия аз бисёр омилҳо ба мисли дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, шуурнокӣ ва фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа, сатҳи воқеъии зиндагӣ вобастагӣ дорад. Танҳо дар сурати паст шудани шиддати коррупсия дар ҷумҳурӣ болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ, иқтисодиёти миллӣ, вазъи машғул шудан ба соҳибкорӣ, дониши шаҳрвандон, вазъи иҷтимоии онҳо ва соҳаи тандурустӣ рушд меёбад. 

    Бинобар ин моро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, баҳри паст кардани шиддати коррупсия дар кишвар ва мунтазам аз байн бурдани он дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ муборизаи беамон бурда, ватани худ Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун яке аз кишварҳои пешрафта ва озод аз коррупсия муаррифӣ намоем.

    Дар охир иштирокчиён бо кормандони Агентӣ фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуда, ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Scientific publications

(
)