Муқовимат ба коррупсия дар доираи Стратегияи нави давлатӣ идома дода мешавад

Муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат сарчашма мегирад. Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро барои ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароити ба омилҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионӣ, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти кишварро дар бар мегирад.
Пешгирии коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти агентӣ маҳсуб шуда, дар доираи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» пеш бурда мешавад. 
Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади андешидани тадбирҳои маҷмӯии ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ҳанӯз 26-уми январи соли 2008 Ҳукумати мамлакат «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012»-ро таҳия ва қабул кард. Стратегияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ барои тақвияти мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар доираи он аксари масъалаҳо дар самти мубориза ба коррупсия бо назардошти хулосаи тадқиқоти сотсиалогӣ, таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои дигар ва таҳлили омории вазъи коррупсия тайи солҳои 2008-2012 ҳалли худро ёфтанд. 
«Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020» бо назардошти ба анҷом расидани муҳлати татбиқи стратегияи пешин ва зарурати идомаи фаъолият дар самти мубориза бо коррупсия қабул шудааст.

Scientific publications

(
)